8-уми март дар амфитеатри боғи фарҳангию фароғатии Садриддин Айнӣ дар Душанбе бахшида ба Рӯзи модарон консерти «Гулҳои баҳорӣ»баргузор шуд.

Дар консерт сарояндагон ва рақосони машҳури кишвар, аз қабили Парвиноз Ақназарова,  Боғигул Саидова, Дилноза Каримова ва Сарвиноз Юсуфова ширкат карда, сурудҳои дилнишини худро пешкаши аҳли ин маҷлис карданд. Сарояндагон сурудҳо дар васфи Модар, Ватан ва Наврӯзи хуҷастапай сароиданд. Хусусан, сурудҳоиБоғигул Саидова аз ҷониби тамошобинон хуб қаблу карда шуд.

Дар ин бзами, инчунин, ансамбли рақсии «Базморо» ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Хайринисо Ватанова бо рақсҳои дилнишини зебои худ табъи бинандагонро болида карданд.

Гуфта шуд, ки консерт аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва МДСҲ «Базморо» баргузор карда шудааст.

Хулоса, Рӯзи модарон дар Боғи Айнии пойтахт бо шукӯҳи диданӣ ва шаҳомати олие баргузор гардид, ки бешубҳа туҳфаи арзандае барои модарон буд.

Гулрӯи Суҳроб

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here