Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ сироятёфтагони навро аз коронавирус маълум кардаанд.

— Баъди панҷ рӯзи бе беморӣ дар Тоҷикистон ба коронавирус гирифторшудагони навро маълум карданд, ки дар як шабонарӯзи охир 5 нафар мебошанд, — хабар медиҳад хадамоти матбуотии вазорат.

Бояд гуфт, ки шумораи умумии гирифторшудагон аз оғози бемории мазкур дар Тоҷикистон ба 13 305 нафар расидааст.

То 6-уми январ аз беморхонаҳо 42 бемор ба хонаҳояшон рухсат шудаанд. Шумораи умумии шифоёфтагон аз бемории мазкур дар ҷумҳурӣ ба 13060 нафар расидааст.

Фавтидагон аз коронавирус дар кишвар аз оғози беморӣ то имрӯз 90 нафар гуфта мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here