Дар як хабар, ки дар вебгоҳи расмии шаҳрдории Душанбе нашр шудааст, гуфта мешавад, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз мардум даъват кардааст, ки фикру мулоҳизаҳояшонро дар бораи соҳаи тандурустӣ тариқи паёмрасонҳои иҷтимоии Viber ва Whatsapp ба ӯ ирсол кунанд

Дар хабар гуфта мешавад, ки аз мардум ва бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии муассисаҳои тиббии пойтахт ва фаъолияти кормандони соҳаи тандурустии шаҳр аз сокинони пойтахт даъват ба амал оварда мешавад, ки дар бораи камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа фикру мулоҳиза ва таклифу пешниҳодяшонро мустақиман тавассути Viber ва Whatsapp бо рақами телефони 985-95-22-22 ва почтаи электронии dushanbe80@yahoo.com ба унвони раиси шаҳри Душанбе ирсол кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here