Дар охири соли гузашта президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар мусоҳиба бо сомонаи расмии ФФТ соли 2017-ро бобарор хонда гуфт, ки футболи кишвари мо айни замон дар тағйироти куллӣ қарор дорад ва кор бобати дигаргун кардани системаи футбол, расондани инфрасохтори он то ба талаботи муосир идома дорад.

Дар бораи комёбиҳои сол

Солҳои охир ФФТ аз FIFA ва AFС баҳои баланд гирифт ва ин эътимод буд, ки баргузории мусобиқаҳои байналхалқиро ба кишвари мо бовар карданд. Танҳо дар ҳамин сол дар Тоҷикистон 5 мусобиқа миёни дастаҳои мунтахаби наврасон, ҷавонон, духтарон ва занҳо баргузор шуд. Вазифаи асосии ФФТ дар солҳои 2017-2026 бояд иҷрои лоиҳаи стратегӣ бошад.

Ин мавсим дар футболи тоҷик яке аз комёбтаринҳо ба ҳисоб меравад. Баромади бобарори се дастаи мунтахаби мо дар даври интихобии мусобиқоти Осиё ва ба даст овардани роҳхат ба даври финалӣ аз ҷониби дастаҳои мунтахаби наврасон ва ҷавонон аз дастовардҳои беҳтарини сол буданд. 11 сол пеш аз ин чунин шуда буд, ки ду дастаи мнутахаби мо ба даври финалии мусобиқоти Осиё роҳ ёфта буданд.

Футзалчиёни мо, бе ҷалби футболбозон аз футболи калон, тавонистанд, ки маротибаи дуюм пайдраҳам ба финали чемпионати Осиё роҳ ёбанд. Чемпионати ояндаи Осиё, ки дар Тайбэйи Чин мегузарад, барои дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон финали даҳум аст.

Расидани «Истиқлол»-ро то ба финали Ҷоми КФО қайд кардан бамаврид аст. Дар се соли ширкат дар Ҷоми КФО дастаи чемпиони кишвари мо аллакай ду маротиба ба финали ин мусобиқа расид. Ин, бе шубҳа, гувоҳ аз рушди футболи тоҷик аст. Ноомадӣ ин буд, натавонистем ҷомро соҳиб шавем. Коршиносону меҳмонҳо ба сатҳи баргузории ин мусобиқа дар Ҳисор баҳои баланд доданд ва гуфтанд, ки дар таърихи ин мусобиқа беҳтарин буд.

Дар бораи шабакаи телевизионии «Футбол»

Воқеаи хотирмони дигар ин боз шудани шабакаи телевизионии «Футбол»-и ФФТ буд. Ин аввалин шабакаи махсусгардонидашуда дар Тоҷикистон аст, ки танҳо ба футбол бахшида шудааст ва бо сатҳу сифати муосири HD 24 соат пахш мешавад. Мақсади ба роҳ мондани ин шабака то дили тамошобин расонидани муҳаббат ба футбол аст, ки шабакаи «Футбол» тӯли як соли фаъолияти худ дар дили миллионҳо тамошобин чунин меҳрро бедор кард.

Дар бораи дастаи мунтахаб

Мутаассифона, дастаи мунтахаби футболи мо дар даври интихобии Ҷоми Осиё-2019 натавонист, ки пеш аз мӯҳлат соҳиби роҳхат ба даври финалӣ шавад. Тоҷикистон пеш аз ин ягон маротиба дар даври финалии Ҷоми Осиё ширкат накардааст. Тақдирро вохӯрии охирин бо дастаи Филиппин ҳал мекунад. Барои ба финал баромадан ба мо танҳо ғалаба лозим аст. Умед дорам, ки дастаи мо аз уҳдаи ин кор мебарояд, дар акси ҳол баромади дастаро номувафақ бояд номем.

Дар бораи барномаи Forward дар Тоҷикистон

Дар ҷаласаи Созмони ҷаҳонии футбол, ки соли гузашта дар Доҳа шуд, FIFA қайд кард, ФФТ аввалин ассотсиатсияи миллиест, ки бо ин созмон дар доираи барномаи Forward шартнома бастааст. Ин барнома аз чанд лоиҳа иборат аст. Ба Лигаи олӣ аз ҷониби FIFA дар муддати се сол барои рушди футбол маблағ ҷудо карда мешавад. Дар доираи ин лоиҳа ба дастаҳо ёрӣ дар шакли додани маблағ амалӣ карда мешавад. Инчунин, бо дастгоҳҳои зарурӣ таъмин кардани варзишгоҳҳо, пардохти музди доварон, нозирон ва комиссари бозиҳо аз бахшҳои ин барнома аст. Ҳамаи дастаҳои иштирокчии Лигаи олӣ бо сарулибоси варзишӣ таъмин карда мешаванд. Барои дастаҳо автобусҳо ҷудо карда шудаанд. Ба ғайр аз ин, ба дастаҳои Лигаи олӣ дар ҷамъбасти мавсим ҷоизаҳои пулӣ дода мешаванд.

Дар бораи футболи кӯдакону наврасон ва курсҳои омӯзишӣ

Лоиҳаи дуюм дар доираи барномаи Forward сарпарастии футболи кӯдакону наврасон дар мамлакат аст. Дар ин мавсим лоиҳаи санҷишии лигаҳои футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон гузаронида шуд. Бо маблағи ҷудошудаи ин барнома дастаҳо тавонистанд ба минтақаҳо сафар кунанд, музди доварон ва нозирони бозиҳо пардохта шуд. Ба ғайр аз ин бо пули сарпарастон 21 даста, ки дар ду лига баромад карданд, бо либосҳои варзишӣ таъмин карда шуданд.

Лоиҳаи дигари барномаи Forward сарпарастии курсҳои омӯзишӣ аст. Дар соли 2017 зиёда аз 20 курси омӯзиши мураббиён барои дарёфткунандагони гувоҳиномаҳои «А», «В» ва «С», курсҳои фитнес, футзал, барои мураббиёни дарвозабонҳо ва дигар семинарҳо гузаронида шуданд.

Дар бораи барномаи рушди футбол дар солҳои 2017-2021

Бо мақсади пурзӯр кардани фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ташкил ва баргузории футбол ва оммавикунони он дар шаҳру ноҳияҳо Ҳукумати кишвар Барномаи рушди футбол дар Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021-ро қабул кард. Солҳои охир чандин варзишгоҳҳо ва майдонҳои футбол бунёд шуданд. Дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе 70 майдончаи варзишӣ сохта шуданд. Ба ғайр аз ин, дар нақша аст, ки дар соли оянда дар пойтахт зиёда аз 90 майдончаи варзишӣ ба истифода дода мешаванд.

Тобистон Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо сабзаи сунъӣ пӯшонида шуд. Ин варзишгоҳ аллакай чанд мусобиқаи байналхалқӣ, аз ҷумла финали Ҷоми КФО-ро қабул кард. Дар аввали соли нав майдони Варзишгоҳи марказии Душанбе низ бо сабзаи нави сунъӣ пӯшонида мешавад ва чароғҳо ҳам нав карда хоҳанд шуд.

Дар бораи Лигаи чемпионҳо

Далели ин, ки «Истиқлол» дар се мавсими охир ду маротиба ба финали Ҷоми КФО баромадааст, гувоҳи он аст, ки дастаи чемпиони Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаҳои бузург омода аст. Хурсандиовар аст, ки дар футзал низ дастаи чемпиони мо имкони ширкат дар Чемпионати клубҳои Осиёро ба даст овард. Бозӣ кардан бо ҳарифони пурқувват боис мешавад, ки ин дастаҳо рушд кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here