Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади санҷиши фаъолияти корхонаҳои хусусии пойтахт ва бо мақсад истифода шудани қитъаи замин дар ҳисоби онҳо буда, аз ҳисоби мутахассисони соҳа як гурӯҳи корӣ таъсис додааст.

Ин иқдом бо мақсади  иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» вобаста ба таъмин намудани талаботи мардум бо молҳои ватанӣ, кор ва хизматрасонӣ роҳандозӣ мегардад.

Тибқи қарори  мазкур муовини раиси шаҳри Душанбе — сарпарасти соҳа,  якҷоя  бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва гурӯҳи корӣ вазифадор гардидаанд, ки  ҷиҳати таҳлили вазъи фаъолият ва ба кор даровардани корхонаҳои хусусигардонидашудаи  пойтахт, инчунин, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ  тадбирҳои зарурӣ  андешанд.

Ҳамчунин  раиси шаҳр бо ин қарор ба масъулин  супориш додааст, ки ба  роҳбарони корхонаҳои хусусигардонидашудаи шаҳри Душанбе  ҷиҳати барқарор ва тибқи таъйинот ва мақсад истифода бурдани корхонаҳои зикргардида, қитъаҳои замини ба онҳо вобасташуда барои дар муддати 6 моҳ (то 1 апрели соли 2019) ислоҳ кардани камбудиҳо огоҳнома ирсол намоянд.

Бо ин қарор ҳамчунин гурӯҳи корӣ муваззаф гардидааст,  ки  дар сурати барқарор накардани фаъолияти корхона ва мувофиқи мақсад истифода набурдани қитъаҳои замини ба онҳо вобасташуда масъалаи ба манфиати давлат бозпас баргардонидани корхона ва қитъаи заминро дар асоси талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ дида баромада, таклифҳо манзур намояд. Гурӯҳи корӣ инчунин вазифадор гардидааст, ки  аз натиҷаи иҷрои корҳо  то 1 майи соли 2019 маълумоти муфассал пешниҳод намояд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here