Дар муддати 24 соати охир дар Русия 5 ҳазору 841 нафар ба коронавирус мубтало шудаанд, ки айни ҳол шумораи умумии сироятёфтагон 99 ҳазору 399 нафарро ташкил медиҳад. То ба имрӯз дар ин кишвар беш аз 10 ҳазор нафар шифо ёфтаанд ва 972 нафар бинобар сабаби ин беморӣ ҷон бохтаанд. Ин маълумотро рӯзи 29-уми апрел Ситоди мубориза бо паҳншавии сирояти коронавирус ба хабарнигорон гуфтааст.

ТАСС менависад, ки дар 85 минтақаи Русия 99 ҳазору 399 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Давоми як рӯз 1 ҳазору 830 нафар шифо ёфтаанд ва шумораи умумии шифоёфтагон 10 ҳазору 286 нафарро ташкил медиҳад.

Инчунин, ин манбаъ иттилоъ медиҳад, ки дар муддати як шабонарӯз 108 фавт тасдиқ карда шудааст ва дар тамоми давра 972 нафар дар Русия бо сабаби сироятёбӣ аз коронавирус ба ҳалокат расидаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here