Дар Русия шумораи одамоне, ки аз коронавирус сироят ёфтаанд, дар як рӯз 1 ҳазору 459 нафар афзуда, ба 10 ҳазору 131 нафар расид.

Мувофиқи маълумоти ОИР “Новости” дар Русия, дар муддати як рӯз дар 50 минтақаи кишвар 1 ҳазору 459 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

«Дар давоми як рӯзи охир дар Русия ҳодисаҳои сирояти коронавируси COVID-19, ба 1 ҳазору 459  нафар афзуда, дар 50 минтақа тасдиқ карда шуд», — гуфта шудааст дар гузориши Вазорати тандурустии кишвар.

Инчунин, мувофиқи маълумотҳо то имрӯз дар Русия ҳамагӣ 10 ҳазору 131 ҳолати сирояти коронавирус дар 81 минтақа ба қайд гирифта шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here