Сарвазири Русия Михаил Мишустин баъди ба коронавирус мубтало шудан дар яке аз муассисаҳои тандурустии ин кишвар, таҳти парастории пизишкон қарор гирифтааст, хабар дод сухангӯи раиси ҳукумат Борис Беляков.
Беляков гуфт, ки Мишустин шоми 30-юми апрел, баъди дидани ташхиси бемориаш, фавран бо президент Путин тамоси телефонӣ анҷом дода, бемориашро ба ӯ хабар додааст. Ӯ пеш аз бистарӣ гардиданаш курсии роҳбариро ба муовини худ Андрей Белаусов дод.
Дар навбати худ Путин изҳори умедворӣ кард, ки Мишустин дар корҳои дастгирии шаҳрвандон ва ҳалли масоили иқтисодӣ фаъолона иштирок хоҳад кард ва бидуни иштироки сарвазир ҳеҷ қарори ниҳоие қабул карда намешавад.
Сарвазири Русия бори дигар аз мардуми Русия даъват кард, ки сирояти коронавирусро ба қадри имкон ҷиддӣ бигиранд ва барои пешгирии паҳншавии он тамоми корҳоро анҷом диҳанд.
Вай инчунин изҳори итминон кард, ки бо талошҳои муштарак вирусро аз байн бурда, ба ҳаёти муқаррарӣ бармегардад.