Нахуствазири Русия Михаил Мишустин аз оғози парвозҳои байналмилалӣ хабар додааст.
Мақомдори рус субҳи имрӯз дар ҷаласаи ҳукумат гуфтааст, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи оянда (1-уми август) парвозҳои байналмилалӣ аз шаҳрҳои Маскав, вилояти Маскав, Санкт-Петербург ва Ростови лаби Дон барқарор хоҳанд шуд.
Мишустин гуфтааст, онҳо ба вазъи эпидемиологӣ, нишондиҳандаҳои сироятёбӣ ва омилҳои мутақобил такя кардаанд.
Номбурда таъкид доштааст, ки кушодани парвозҳо барои ҳарчи зудтар баргардонидани шаҳрвандонашон, ки дар кишварҳои мухталифи дунё бо сабаби паҳншавии коронавирус банд мондаанд, мусоидат хоҳад кард.