Бинобар сабаби хуруҷи муҳоҷирони меҳнатӣ, дар ширкатҳои сохтмонии Русия нарасидани қувваи корӣ оғоз шудааст, ки ин метавонад боиси халадор шудани таъминот бо манзил гардад.

— Ассотсиатсияи миллии бинокории Русия гуфт, ки бо сабаби коҳиш ёфтани муҳоҷирони меҳнатӣ баъзе аз объектҳои манзилӣ мумкин дар вақташ супорида нашаванд,- хабар медиҳад “Известия”.

Бино ба гуфтаи президенти «НОСТРОЙ» Антон Глушков, камшавии кадр дар сохтмон дар баъзе аз минтақаҳои Русия 50% аст. Мушкили мазкур бештар дар Шарқи Дур, дар минтақаҳои Приволжский ва Уралский ба назар мерасад.

— Имрӯз як қатор иншоот дар хатаранд, ки бинобар нарасидани қувваи корӣ дар муҳлати уҳдадориашон иҷро карда нахоҳанд шуд,- қайд мекунад Глушков.

Дар баробари ин, ӯ зикр мекунад, ки назар ба соли гузашта ҳаҷми ба истифода додани манзил ҳамагӣ аз 2 фоиз кам мебошад, аммо ҳамаи объектҳои ба истифода додашаванда солҳои пештар сохта шуда, дар вақташ ба итмом расидаву пешкаши мизоҷони манзил гардидаанд. Айни замон ҳаҷми манзил дар марҳилаи аввали сохтмон 30% коҳиш ёфтааст.

Директори “Девелопмент ” Сергей Самойленко қайд кардааст, ки айни замон кормандон аз Белорусия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барои сохтмон ба Русия омада наметавонанд. “Аз сабаби набудани муҳоҷирон, мо тақрибан дар ҳамаи иншооти худ норасоии нерӯи кориро эҳсос мекунем. Гузашта аз ин, арзиши хизматрасонӣ барои коргароне, ки баҳри кор кардан ба сохтмон меоянд, 2 — 2,5 маротиба афзудааст. Мо воқеан умедворем, ки дер ё зуд роҳҳо боз хоҳанд шуд”,- гуфтааст ӯ.

Хуруҷи ниҳоии муҳоҷирони меҳнатӣ дар бахши хизматрасонӣ 33,5, фаъолияти хонаводагӣ — 28,6%, ХМК — 25,6% ва дар самти сохтмонӣ 2,2% ба қайд гирифта шудааст.

Бояд қайд кард, сарфи назар аз он, ки шуруъ аз моҳи декабр Вазорати сохтмони ФР пешниҳод кард, то воридоти коргарони сохтмон аз хориҷа содда карда шавад, мутахассисон қайд мекунанд, ки ин ташаббусро танҳо 36 фоизи ташкилотҳои сохтмонӣ дастгирӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки бештари муҳоҷирон дар Москва, минтақаҳои назди Москва, Санкт-Петербург, минтақаҳои Ленинград ва Краснодар сукунат ихтиёр мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here