— Эмгузаронии васеъ бар зидди коронавирус, ки бо ваксинаи дохилии “Спутник-V” аз 15-уми декабри соли 2020 оғоз шуда буд, дар рӯзҳои ид низ идома меёбад, — гуфтааст вазири тандурустии Федератсияи Русия Михаил Мурашко дар доираи сафари кории худ ба вилояти Твер.

«Эмгузаронӣ дар авҷ аст. Инчунин, бояд қайд кард, ки дар рӯзҳои ид низ утоқҳои эмгузаронӣ фаъолият хоҳанд кард», — гуфтааст Мурашко ва илова кардааст, ки дар портали хидматҳои давлатӣ шаҳрвандоне, ки аз эмгузаронӣ гузаштаанд, метавонанд сертификати эмгузаронӣ алайҳи COVID-19 гиранд. Чунин хизматрасонӣ аз 1-уми январи соли равон дастрас мебошад. Дар оғоз хабар доданд, ки дар семоҳаи аввал тамоми шаҳрвандони Русия метавонанд интихоб кунанд, ки кадом ваксинаро истифода баранд.

Бояд ёдовар шуд, ки айни замон дар Русия ду ваксина барои эмгузаронӣ мавҷуд аст. Ваксинаи “Спутник V” 11-уми августи соли 2020 ба қайд гирифта шудааст. Он аз ҷониби ММТЭМ ба номи Гамалея истеҳсол шудааст. Ваксинаи дуюм бошад, “ЭпиВакКорона” ном дошта, аз ҷониби мутахассисони “Вектор” таҳия шудааст. Он 15-уми октябри соли 2020 ба қайд гирифта шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here