Дар Русия доруи нав барои табобати коронавирус тайёр карданд, хабар додааст вазири тандурустии ин кишвар Михаил Мурашко дар маҷлиси машваратӣ бо президенти ФР Владимир Путин.

Аз рӯйи гуфтаи вазир, санҷиши клиникавии дору на дертар аз 10-12 рӯз сурат хоҳад гирифт. Ин муассиса аз норасоии баъзе доруҳо,  ки  барои  табобати коронавирус муқаррар гардидаанд, нигарон аст.

– Дар мо дастрасӣ ба 17 номгӯи дору маҳдуд  шудааст,  аз ин рӯ, лозим аст, ки боқимондаҳои онро назорат барем. Ба камшавии захираҳо диққат диҳем, — гуфтааст вазир.

Аз рӯйи омори  14-уми апрел дар Русия 18 328 нафар сироят ёфта,  1470 нафар шифо ёфтаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here