Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия барои донишҷӯёни хориҷӣ кумаки иловагии иҷтимоӣ хоҳад расонд.

— Айни ҳол Вазорати маориф ва илм нақша дорад, ки бо ректорони донишгоҳҳо тадбирҳои иловагии дастгирии иҷтимоии донишҷӯёнро дар заминаи коронавирус муҳокима кунанд. Пеш аз ҳама барои донишҷӯёни хориҷие, ки дар Федератсияи Русия қарор доранд,- гуфтааст як намояндаи масъули ин тасмим Валерий Фалков.

— Мо худи ҳамин ҳафта бо ректорони рус мубоҳиса хоҳем кард, ки чӣ гуна тадбироҳи иловагии иҷтимоиро дар мадди аввал метавонем ба донишҷӯёни хориҷӣ расонем. Хусусан аз рӯи кишварҳо ҳоло кор карда истодаем, ки чӣ корҳоро анҷом ва ташкил додан мумкин аст,- гуфтааст Фалков ба “Комсомолская правда”.

Инчунин, ӯ илова кардааст, ки ҳоло вазорат кӯшиш дорад корашро бо хориҷиёне, ки бо сабаби коронавирус ба Федератсияи Русия омада наметавонад, таввасути филиалҳо ва донишгоҳҳои шарик дар мавриди барқарор кардани онҳо идома диҳад.

Гулрӯ СӮҲРОБЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here