Федератсияи Русия  аз рӯйи гирифторони коронавирус  дар саросари ҷаҳон, ба ҷойи сеюм баромад, хабар додааст торнамои Worldometers, ки ҳамарӯза маълумоти умумиҷаҳониро дар бораи гирифторони коронавирус нашр мекунад.

Ба иттилои ситоди фаврӣ, дар Русия то шоми 11-уми май 221,3 ҳазор тан ба коронавирус мубтало шудаанд. Шабонарӯзи 11-уми май 11 ҳазору 656 кас грифтори ин беморӣ шуда, 94 кас вафот кардаанд. Шумораи умумии шифоёфтагон ба 39,8 ҳазор нафар расидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here