Дар шаҳри Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Ивазкунии воридот ва рушди кластерии саноати меваю сабзавот барои мусоидат ба афзоиши иқтисод: аз назария ба амалия” гузаронида шуд. Ин чорабинӣ дар меҳмонхонаи “Серена” баргузор гардид.

Ба гуфтаи ташкилкунандагон чорабинии мазкур ба хотири беҳтар намудани татбиқи барномаи қабулгардида оид ба воридот дар асоси клатсер ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои ҳамкории самарабахши муносибатҳои илмӣ ва таҷрибаи амалӣ барои рушди меваю сабзавот дар Тоҷикистон равона гардидааст.  

Зимни баргузории чорабинӣ, сатҳи воридот ва рушди кластерии саноати меваю сабзавот дар Тоҷикистон муҳокима гардид. 

Вохӯрии мазкур, аз ҷониби ташкилоти байналмилалии Hilfswerk Intrrnational дар чорчӯбаи лоиҳаи “Барномаи ташкилдодашудаи дастгирии ташкилотҳои соҳибкорӣ оид ба рушди соҳа дар Осиёи Марказӣ – хизматрасониҳои махсусгардонидашуда ва маҷмӯӣ барои КХМ –и ба содирот нигаронидашуда дар бахш коркрди озуқаворӣ – САNDY –IV”, ки аз ҷониби барномаи Иттиҳоди Аврупо “Осиёи Марказӣ” – Инвест IV” маблағгузорӣ мегардад, дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон, ташкил карда шуд.  

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here