Таҳлили вазъи нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 нишон дод, ки дар ин давра дар кулли соҳаҳои иқтисоди миллӣ тамоюли мусбати рушд нигоҳ дошта шуда, дар маҷмӯъ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ таъмин карда шуд.

Дар соли 2019 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 77,3 млрд. сомонӣ ва афзоиши воқеии он 7,5 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,2 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,6 фоиз, кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши бор 15,8 фоиз, ҳаҷми умумии гардиши савдои дохилӣ 9,0 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 2,9 фоиз таъмин гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,1 фоиз, аз ҷумла ҳаҷми содирот 9,4 ва воридот 6,3 фоиз фоиз афзоиш ёфтааст.

Сатҳи таваррум дар ин давра 8,0 фоизро ташкил намуд, ки ин аз ҳисоби 10,9 фоиз болоравии нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ, 4,2 фоиз молҳои ғайриозуқа ва 5,5 фоиз тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ ташаккул ёфтааст.

Нақшаи қисми умумии даромади Буҷети давлатӣ дар соли 2019 дар сатҳи 99,7 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 23216,1 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба ММД 30,0 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра иҷрои нақшаи воридоти андозҳо 97,8 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ҳамагӣ 15772,4 млн. сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба ММД 20,4 фоизро ташкил намуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here