«Ҷомеаи кушода ва рақибони он» — китобе, ки нависандаи он ба ақоиди Афлотун, Ҳегел ва Карл Маркс «ҳамла овардааст», имрӯз дар меҳмонхонаи «Серена» рӯнамоӣ гардид.

Зимни муаррифӣ мутарҷими он профессор З. Назариев аз фаъолият ва фалсафаи нависанда Карл Поппер ва моҳияти асосии китоб гуфта, аҳамияти амиқ доштани онро иброз дошт.

«Китоб аҳамияти маърифатии жарф дорад ва мактабест барои ғанӣ шудани тасаввурот, ки реша аз фалсафа мегирад»,- гуфт мутарҷим.

Профессор Назариев аз забон ва сабки баёни асар гуфта, илова дошт, ки он аз зери тасҳеҳи забоншиноси маъруф профессор Баҳриддин Камолиддинов гузашта, зимни он баъзе тағйиру иловаҳо шудааст.

Ӯ гуфт, “баъди тасҳеҳи устод Камолиддинов, дар баъзе ҷойҳо пеш аз пайвандаки «ва» аломати китобатии вергул ва дар дигар ҳолат аломати мазкур баъд аз пайвандаки пайвасткунандаи «ки» омадааст, ки мо бар он даст назадем”.

Мутарҷими китоби мазкур, ки аз тарҷумаи русӣ баргардон кардааст, аз иштибоҳҳои он гуфта, зикр намуд, ки “дар баъзе калимот мо маҷбур шудем бар асли китоб муроҷиат кунем. Бо вуҷуди он, ки китоб ба форсӣ ҳам тарҷума шудааст, аммо ба асли китоб наздикӣ надорад”.

Бояд гуфт, ки «Ҷомеаи кушода ва рақибони он» бо ташаббуси Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ бори аввал аст, ки тарҷума мешавад. Нависандаи он Карл Поппер аз ҷумлаи файласуфони машҳури англис буда, назарияҳои илмии хоси худро дорад. «Мантиқи кашфиёти илмӣ» аввалин китоби ӯст, ки дар замони муосир ба таври васеъ истифода мешавад.

М. Наҷибӣ,

Ш. Мадгиё,

«Фараж»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here