Як ронанда дар шоҳроҳи «Душанбе-Чанок» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардро зер кардааст ва ба ҷойи ёрии аввалин расондан ба зарардида, аз макони садама фирор кардааст.
2-уми октябри соли 2018, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард, Имомова Матлуба Бекназаровна, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи ноҳияи Деваштичро зер карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.
Дар натиҷаи ин садама пиёдагард, Имомова М.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
13-уми октябр, бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Ҳамдамов Хайрулло Негматович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Ашт, дастгир карда шудааст.
Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 212, қисми 2 ва 127, қисми 2- Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудаааст.