Як ронандаи боркаш дар ноҳияи Рӯдакӣ пиёдагардро пахш карда, ба ҷойи ба сарвақташ расидан, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Гумон кардааст, ки ин кирдораш пинҳон мемонад.
6-уми феврали соли 2018, тахминан соати 19:00, автомашинаи тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Зайнабобод ба самти деҳаи Сароби ноҳияи Рӯдакӣ пиёдагард, Ярматов Эгамбердӣ Турсунович, соли таваллудаш 1964, сокини деҳаи Шафақи ҳамин ноҳияро пахш кардааст. Ҳодиса аз беҳтиётии ронанда ба вуқӯъ омадааст. Ронандаи номаълум ба ҷойи ёрӣ расондан ба пиёдагарди осебдида, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.
Дар натиҷаи ин садама ва беэътиноии ронанда пиёдагард Ярматов Эгамбердӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Кормандони милитсия бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ронандаи автомашинаи тамғаи “КАМАЗ” Муҳаммадалӣ Муродализода, соли таваллудаш 1990, сокини деҳаи Шафақро ҳамчун гумонбар дар содир кардани ин садама дастгир кардаанд.