Журналисти El Chiringuito Эду Агирре хабар додааст, ки вазъ миёни президенти клуби «Реал Мадрид»-и Испания ва ҳуҷумкунандаи ин даста Криштиану Роналду бад шудааст. Ба гуфтаи Агирре португалӣ қасд дорад, ки ин клубро тарк кунад.
El Bernabeu аз қавли Агирре навишт, ки вазъ миёни «Реал» ва Криштиану Роналду аз ҳарвақта бадтар шудааст. Мадрид ба футболбоз ҳеч хел пешниҳод накардааст, худи португалӣ ҳам гуфтушуниди дароз кардани шартномаро гӯши шунидан надорад. Роналду аз гуфтаи президенти клуб Флорентино Перес, ки гуфта буд Неймар имкони бештар дошт то барандаи «Тӯби тиллоӣ» шавад, ранҷидааст.
Адвокатҳои Роналду мехоҳанд, ки «Реал» маблағи фурӯши Роналдуро, ки айни ҳол 1 миллиард евро муайян шудааст, кам кунад, зеро ягон даста имкон надорад бо чунин маблағ харид кунад.