Дар роҳи Душанбе-Чаноқ, ки аз дирӯз боз бо сабаби мавҷуд будани хавфи сангрезӣ ва боришоти зиёд ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта шуда буд, акнун кушода шуд. Дар ин бора аз IRS ба faraj.tj иттилоъ доданд.  

“Аз чанд лаҳза пеш, баъд аз бартараф намудани пайомадҳои офати табиӣ ва монеаҳои мавҷуда ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт аз тариқи роҳи Душанбе — Чаноқ шурӯъ гардид”, — иттилоъ дод манбаъ.

Ширкати IRS ба ронандагон ҳушдор медиҳад, ки бо дарназардошти то кунун мавҷуд будани хавфи сангфароӣ ва лағжиши кӯҳпора эҳтиёткор бошанд.

Лозим ба ёдоварист, ки бинобар зиёд гардидани сангфароӣ ва лағжиши куҳпора дар масири роҳи Душанбе — Чаноқ, дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдор, аз ҷумла БДА ВКД ҶТ шурӯъ аз соати 20:00-и дирӯз то соати 05:00-и 25-уми апрел ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт аз ҳарду ҷониб муваққатан боздошта шуда буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here