Роҳбарияти бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» мегӯяд, новобаста ба камбудию норасоиҳои соҳа ин ниҳод дар соли 2018 фаъолияташро бо фоида ҷамъбаст кардааст.

Раиси тозатаъйbни «Амонатбонк» Икромӣ Сироҷиддин Салом дирӯз зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки ба санаи 31-уми декабри соли гузашта дороиҳои бонк 4,2 миллиард сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли 2017 ба андозаи 14,1 дарсад зиёд аст.

— Ҳаҷми сармояи Бонки давлатии амонагузории «Амонатбонк» дар соли 2018-ум 396,8 миллион сомониро дарбар гирифт. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2017-ум 10 % зиёд мебошад. Ҳамчунин, даромади софи бонк дар соли сипаришуда ба 36,2 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 13,8 дарсад назар ба ду соли қабл бештар аст, — гуфт Икромӣ.

Ба гуфтаи роҳбарияти бонк, соли 2018 тасмими паст кардани фоизи пасандозҳо ва қарзҳои бонкӣ гирифта шуд. Ба паст шудани фоизи пасандозҳо нигоҳ накарда, ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ дар «Амонатбонк» 42,7 % афзоиш ёфтанд. «Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки эътимод ва боварии мардум нисбат ба бонк бештар гашта истодааст», — гуфт ӯ.

Икромӣ гуфт, бонк танҳо дар соли 2018 ба аҳолӣ дар ҳаҷми 92,4 миллион сомонӣ фоизи пасандоз пардохт кардааст.

— Имрӯз шаҳрванди Тоҷикистон ба иқтисодиёти кишвар ҳам сармоягузор аст ва ҳам манфиатбар. Аз он ки мо аз хориҷи кишвар маблағ ҷалб мекунем ва фоизу баҳраро ба хориҷиён равон мекунем, беҳтар он аст, ки худи сокинон ба бонкҳои кишвар пасандоз гузоранд ва аз он баҳра гиранд. Ин иқдом то як андозае метавонад ба сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат кунад, — гуфт бо боварӣ раиси «Амонатбонк».

Ин дар ҳолест, ки чанд соли охир бонкҳои бузург дар Тоҷикистон, аз қабили «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк», «Тоҷпромбонк» дучори мушкили молӣ шуданд ва пасандозҳои мардумро баргардонида натавонистанд. Чунин ҳолатҳо бешак эътибори бонкҳоро дар назди мардум коста гардонд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here