Борис Грачевский, роҳбари бадеии «Ералаш», дар синни 72-солагӣ даргузашт, хабар медиҳад ТАСС бо истинод аз қавли ҳамсараш Екатерина Белосерковская. Сабаби марги Грачевский коронавирус будааст, гуфтааст дӯсти ӯ, рассом Владимир Долинский, ба Интерфакс.

Борис Грачевский, коргардони кино, сенариянавис ва роҳбари бадеии маҷаллаи телевизионии бачагонаи «Ералаш», рӯзи 27-уми декабр дар беморхона бистарӣ шудааст. Пас аз 2 рӯз, ӯро ба шуъбаи эҳё интиқол доданд ва 7-уми январ ба ӯ дастгоҳи нафаси сунъӣ васл кардаанд, зеро ӯ худ мустақилона нафас гирифта наметавонист.

11-уми январ ӯ ба ҳуш омадааст, аммо баъд вазъи ӯ ба шиддат бад шудан гирифтааст. Грачевский ба шӯъбаи дигари эҳё гузаронида шудааст, ки дар он ҷо бо дастгоҳи ЭКMO, ки имкон медиҳад тавассути хун организм бо ҳаво таъмин шавад, пайваст карда шуд. Ҳамин буд, ки ӯро ба ҳолати комаи тиббӣ дароварданд. Дирӯз ӯ дар синни 72-солагӣ дунёро падруд гуфт.

Соли 1974 вай ҳамроҳ бо драматург Александр Хмелик маҷаллаи ҳаҷвии бачагонаи «Ералаш»-ро, ки дар Тоҷикистон низ шуҳрати зиёд дорад, таъсис дод. Худаш низ барои ин маҷаллаи телевизионӣ сенария навиштааст ва дар чанд нақш низ бозӣ кардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here