Дар сарҳади Ӯзбекистону Қазоқистон роҳбандии мошинҳо ба вуҷуд омадааст. Ин мошинҳое ҳастанд, ки ба Ӯзбакистон рафтанианд, аммо, бино ба иттилои ронандагон, онҳо дар давоми ду рӯз натавонистанд ба Ӯзбакистон ворид шаванд, хабар медиҳад “Ozodlik”.

Ронандагон гуфтаанд, ки дар гузаргоҳи Черняевка ҳаракати мошинҳо пеш нарафтааст, зеро кормандони гумруки Узбакистон гузаштан намегузоранд.

— Ҳеҷ касе аз кормандони ин ниҳод ба мардум чизеро намефаҳмондад. Ронандагон ҷамъ омада, ба Кумитаи гумрук занг заданд. Дар ҷавоб гуфтанд, ки вазъро фаҳмида посух хоҳанд дод, аммо ҳеҷ кас дубора занг назад. Онҳое, ки дар гузаргоҳи марзӣ ҳастанд, бо мардум сӯҳбат намекунанд, ҳеҷ чизро шарҳ намедиҳанд. Ҳама гуна мошинҳо, боркашу сабуравро гузаштан намегузоранд, — гуфтааст як ронанда ба “Озодлик”.

Яке дигар аз ронандаи навбатистода гуфтааст, ки роҳбандии мошинҳо дар сарҳади Узбакистону Қазоқистон ба кашфи маводи мухаддир дар дохили мошини се ҷавонписар аз Тоҷикистон будааст, ки ба Русия мерафтанд.

Як намояндаи Хадамоти сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гуфтааст, ки ҷониби Қазоқистон ба роҳбандӣ дар марз бо Узбакистон иртибот надорад. Ҳамзамон, сухангӯи хадамот тасдиқ кардааст, ки миқдори зиёди маводи мухаддир кашф шудааст.

«Рӯзи 20-уми сентябр дар дидбонгоҳи» Жибек жоли» кормандони гумруки мо 12 кг маводи мухаддирро, ки дар дохили мошини шаҳрвандони Тоҷикистон пинҳон карда шуда буд, мусодира карданд. Ман шахсияти шаҳрвандони ҳабсшудаи Тоҷикистонро ошкор кардан наметавонам. Вақте ки онҳо аз марзи Қазоқистон бо героин ба Қазоқистон гузаштанд, саги махсус бо номи Линда дар махифгоҳ маводи мухаддирро пайдо кард. Аммо ман гуфта наметавонам, ки ин ҳодиса мустақиман ба роҳбандии сарҳад алоқаманд аст», — гуфтааст намояндаи Хадамоти сарҳадии Қазоқистон.

Дар Раёсати минтақавии даромадҳои давлатӣ тавзеҳ додаанд, ки роҳбандии роҳ аз ҷониби Ӯзбекистон сар задааст.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Департаменти даромадҳои давлатии вилояти Туркистон Баян Тулгабоев, роҳбандӣ дар натиҷаи тақвияти кори гузаргоҳ ба амал омадааст.

«Шумораи зиёди мошинҳо дар сарҳади Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар навбат шуданд, зеро дар постгоҳҳои гумрукӣ аз ҷониби Ӯзбекистон фаъолият пурзӯр гардонида шудааст. Ҳоло ронандагон пас аз гузаргоҳи Жибек Жолӣ тавассути гузаргоҳҳои Капланбек ва Қазиғурт сарҳадро убур мекунанд. Гузаргоҳҳои минтақаи вилояти Туркистон ба таври муқаррарӣ фаъолият мекунанд», — гуфтааст ӯ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here