Ду тан аз шермардони Ватан барои ҳифзи хоки Меҳан шаби гузашта бар муқобили ҷинояткорон баромада, ҷони худро қурбон карданд.
Як корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва як нафар сарбози дидбонгоҳи сарҳадии №4-и “Ишқобод”-и отряди “Султонобод” кушта шудаанд.
Вазорати корҳои дохилиии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шаби 6-уми ноябри соли 2019 соати 03:23 дақиқа гурӯҳи мусаллаҳи номаълуми ниқобдор, бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди «Султонобод» ҳуҷум карданд. Зимни ҳамла онҳо 5 яроқи оташфишони (АКМ)-ро тасарруф намуданд.
Ҳамчунин, ба иттилои манбаъ, зимни амалиёт 15 нафар ҳамлагарон ба ҳалокат расида, 4 нафари дигар фирор карда, аммо дар деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ дастгир шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here