6-уми январи соли 2018 дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шашумин лексияи ҷашнии «Ҳиндустону Тоҷикистон: 25 соли дӯстӣ» дар мавзӯи «Ҳунари рассомии Ҳиндустон ва Тоҷикистон» баргузор гардид.

Ин ҳамоиш бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо, сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардид, ки дар он муовини директори Институт Нарзулло Амиров, котиби дуюми Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мидҳун Рагҳаван, раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Ҳиндустон профессор Ҳабибулло Раҷабов ва дигар ҳаводорони санъати рассомии Ҳиндустону Тоҷикистон ширкат карданд.

Ба андешаи Нарзулло Амиров, ин ҳамоишҳо имконият медиҳанд, ки донишмандон ва ҳаводорон оид ба фарҳанги муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маълумоти зарурӣ гиранд.

Дар лексияи мазкур мавзӯи ҳунари рассомии Тоҷикистону Ҳиндустон мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки доир ба рассомони машҳури Ҳиндустон ва таъсири рассомони Ғарб ба онҳо ба иштирокчиён маълумот дода шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here