Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз роҳзанӣ дар шаҳрҳои Кӯлобу Ҳисор хабар дод, ки ҷинояткорон бо истифодаи корд ва зӯрӣ аз шаҳрвандон телефону пулашонро рабудаанд.

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб марди 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри мазкур дар он хусус муроҷиат намудааст, ки рӯзи 6-уми августи соли 2018, тахминан соати 12:00, ҳангоми дар бозори “Саховат”-и шаҳри Кӯлоб қарор доштанаш, ҷавони 19-солаи сокини ҳамин шаҳр, донишҷӯ, ӯро ба пушти бинои маркази савдои “Олами кӯдакон” бурда, бо корд як маротиба ба рони пояш задааст. Сипас аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Галакси 3”-ро зада гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ҷавони гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, тафтиши ин ҳодиса идома дорад.

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор марди 28-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 4-уми августи соли 2018, тахминан соатҳои 02:30, дар кӯчаи Турсунзодаи шаҳри мазкур шахсони номаълум ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз ҷайбаш 1400 сомониро гирифта, аз ҷойи ходиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-сола ва ҷавони 22-солаи сокинони шаҳри мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here