Кормандони милитсия бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мардеро дастгир кардаанд, ки дар кӯчаҳои Душанбе бо истифода аз корд ба роҳзанӣ машғул буд. Дар ин бора аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд.

Ин марди 30-солаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ, ки пеш бо моддаҳои 375 ва 376-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, 6-уми октябри соли 2017, ҳангоми дар кӯчаи Синои шаҳри Душанбе қарор доштанаш, бо роҳи тамаъҷӯӣ ва таҳдиди бо корд аз марди 30-солаи сокини ноҳияи Ҷиликул 10000 сомониро талаб карда гирифтааст. Ӯро кормандони милиса ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир кардаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here