Як ҷавони 25-сола аз ноҳияи Панҷ бо корд ба ронандаи ҳамсоли худаш аз шаҳри Кӯлоб ҳуҷум карда, хостааст, ки мошини ӯро тасарруф кунад, аммо ба мақсад нарасидааст.
Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 25-солаи сокини шаҳри Кӯлоб муроҷиат намудааст, ки рӯзи 27-уми сентябри соли 2017, тахминан соати 23:00, дар маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе ҳангоми ба мусофиркашӣ машғул буданаш, шахси номаълум ба автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра” савор шуда, хоҳиш намудааст, ки ӯро то манзили истиқоматиаш ба деҳаи Навбунёди ноҳияи Рӯдакӣ барад. Баъди ба деҳаи Навбунёд расиданашон шахси мазкур бо мақсади аз худ намудани автомашина бо корди дар дасташ буда, 6 маротиба ба аъзои бадани ронанда зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 25-солаи сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлонро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир намуданд.
Аз рӯи ин ходиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.