Ба гуфтаи коршиносони минтақавии Осиёи Марказӣ нерӯгоҳи Роғун усули наве барои ба роҳ мондани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад.

Ин нуктаро муовини директори Институти Осиёи Марказӣ оид ба тадқиқоти стратегӣ Фарҳод Одинаев, дар вохурии минтақавии коршиноон, ки доир ба гидроэнергетика дар шаҳри Душанбе баргузор гирдид, зикр намуд. Вохӯрии мазкур дар доираи Мактаби таҳлилгарии CABAR.asia, ки дар он таҳлилгарони ҷавон ва журналистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷалб гардиданд, доир шуд. 

Ба гуфтаи ин таҳлилгар, иродаи сиёсӣ буд, ки нерӯгоҳи Роғун дар муддати кӯтоҳ сохта ба истифода дода шуд. Вале, ӯ чунин мешуморад, ки барои пурра ба истифода додани  чархаҳои нерӯгоҳи Роғун танҳо иродаи сиёсӣ кофӣ буда наметавонад.  

Ҳамзамон, ӯ қайд кард, ки сохмони нерӯгоҳи Роғун барои аз буҳрони энергетикӣ баромадани Тоҷикистон ёрӣ мерасонад ва он барои 150 сол кор хоҳад кард.

— Қарор аст, ки нерӯгоҳи Роғун барои 150 сол бояд кор кунад. Сохтмони нерӯгоҳи Роғун барои аз буҳрони энергетикӣ баромадани Тоҷикистон кӯмакрасон аст. Ва воқеан ҳам дар Тоҷикистон буҳрони энергетикӣ буд ва солҳои 2007, 2008 ва 2009 хеле зимистони сард буд, ки ин буҳрони энергетикӣ, ё ин ки норасоии газро кишварҳои   Осиёи Марказӣ низ таҷриба карда буданд, — қайд кард коршнос.

Ёдовар мешавем, ки чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун рӯзи 16-уми ноябр мавриди истифода қарор гирифт. Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, чархаи дуюми нерӯгоҳ соли оянда ба истифода дода хоҳад шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here