Дар хабар аст, ки гузаргоҳи байналмилалии «Ҷартеппа» дар шоҳроҳи Панҷакент Самарқанд дубора фаъол хоҳад шуд ва қарор аст, дар Наврӯзи соли 2018 ин гузаргоҳ боз шавад. Дар ин бора АИ «АП» дар такя ба иттилои манбаи худ аз ҳукумати кишвар хабар дод.

Гуфта мешавад, ки айни замон ҷиҳати ифтитоҳи гузаргоҳ, аз ҷумла ба роҳ мондани фаъолияти назорати марзӣ ва гумрукӣ, барқарор кардани зерсохтори наздисарҳадӣ ва ғайра аз ҳарду ҷониб корҳои омодагӣ ҷараён доранд.

Бино ба иттилои сомонаи хабаргузории tajikistantimes.tj  бо истинод ба манбаъ дар Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, айни замон барои гумрукчиёни водии Зарафшон дар гузаргоҳи сарҳадии Ҷартеппа – Саразм 10 воҳиди корӣ ҷудо шудааст ва пас аз кушода шудани гузаргоҳ ин 10 нафар ба кор шурӯъ хоҳанд кард.

Ӯзбекистон ҷониби Тоҷикистонро огоҳ карда буд, ки аз 1 ноябри соли 2010 фаъолияти гузаргоҳи байналмилалии Саразм дар водии Зарафшони Тоҷикистон ва мавзеи Ҷартеппаи вилояти Самарқанди Ӯзбекистон боздошта мешавад.

Дар номаи ба унвони Тоҷикистон фиристода зикр гардида буд, ки дар ин қитъаи марз ҳам равуои шаҳрвандон ва ҳам боркашонӣ мутаваққиф мегардад. Он замон ҷониби Ӯзбекистон сабаби ин амалро шарҳ надода буд.

Айни ҳол дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон шабонарӯзӣ ду гузарогоҳи байналмилалӣ — шаҳри Турсунзода — Сариосиё ва ноҳияи Мастчоҳ — Ойбек амал мекунанд.

Акс аз «АП»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here