Барфи зиёд хавфи фуромадани тармаро дар шоҳроҳҳои кишвар афзун кардааст. Вазоратҳои нақлиёт ва корҳои дохилӣ шурӯъ аз субҳи дирӯз ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиётро аз километри 47 (плазаи Ҳушёрӣ) ба самти Хуҷанд ва аз километри 81 ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба ҷониби шаҳри Душанбе муваққатан боздоштаанд.

Гуфта мешавад, ки минтақаи хавфноки ин роҳ километрҳои 62-73 ба ҳисоб мераванд.  Техникаҳои филиали ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД”, ки нигоҳдории роҳҳоро бар уҳда дорад, дар пайи тоза кардани роҳ будааст. Баъд аз бартараф шудани тармаҳо ва хавфи тармафароӣ дар ин мавзеъ ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт дубора иҷозат дода хоҳад шуд.

Дар минтақаҳои Зарафшон ва Суғд роҳ аз барф тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард шуда, дар ин минтақаҳо роҳандозии ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин аст. Масъулин аз ронандагон даъват ба амал меоранд, ки қарори ширкатро дуруст дарк кунанд, зеро маҳдуд кардани ҳаракат ба амнияти худи онҳо рабт дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here