Мудири кулли маркази “Вектор” Ринат Максютов бовар дорад, ки дунёгир шудани COVID-19 дар соли 2021 аз байн хоҳад рафт. Ба гуфти ӯ, дар ин вирус тағйироти назаррасе ба амал намеояд.
— Вирус мемонад, вале албатта он дунёгир нахоҳад буд. Бо он боварам, ки бо омадани соли 2021 он нопадид хоҳад шуд, — қайд кардааст Максютов дар фестивали илмии “Science Bar Hopping Online”.
илова кардааст, ки барои пешгирии вирус 35 ҳазор воксин аз ҷониби маркази “Вектор” ва “ЭпиВакКорона” истеҳсол карда шудааст. Аз онҳо 5 ҳазораш барои таҳқиқот фиристода шуда, боқимонда моҳи декабр пешкаши шаҳрвандон хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон шабонарӯзи охир 37 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар ҷумҳурӣ аз оғози COVID-19 шумораи ба коронавирус гирифторшудагон 12155 нафар буда, шумораи шифоёфтагон 11559 (95,1%) нафар мебошад.
Гулрӯ Суҳробзода