Шоми 20-уми ноябр шумораи умумии сироятёфтагони коронавирус дар Тоҷикистон ба 11 815 нафар расид. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар як рӯзи охир 43 ҳолати дигари ба бемории мазкур гирифторшудагон муайян гардидааст.
Адади фавтидагон аз оғози бемории COVID-19 то аввали ҳатфа 86 нафар буда, шумораи умумии шифоёфтагон ба 11 188 нафар расидааст.
Дар тамоми ҷаҳон шумораи ба беморӣ гирифторшудагон ба 56 миллион нафар расидааст, ки ин маълумотро Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс додааст.
Аз оғози моҳи ноябр шумораи сироятёфтагон аз COVID-19 ба 10 млн нафар расидааст, ки бештари онҳо дар ИМА — 11,4 млн нафар (фавтидагон тақрибан 250 ҳазор нафар), Ҳиндустон — 8,9 млн нафар (фавтидагон 46,7 ҳазор), Бразилия — 5,9 млн нафар (фавтидагон 166,6 ҳазор), Фаронса — 2,1 млн нафар (фавтидагон 46,7 ҳазор), Русия — зиёда аз 2 млн нафар (фавтидагон 34850)-ро ташкил медиҳад.
Зиёда аз 1 млн нафар бемор дар Испания, Британияи Кабир, Аргентина, Италия, Колумбия ва Мексика ба қайд гирифта шудаанд.
Минтақаҳое, ки гирифторшудагон ба ин беморӣ камтар ба назар мерасанд, ин ҷазираҳои Маршалл (чор ҳолат), ҷазираҳои Солмон (16 ҳолат) ва Фиҷ (35 ҳолат) мебошад.
Дар тӯли ҳафта тақрибан 4 млн нафар гирифторшудаи ин бемориро муайян кардаанд, ки ин рекорди нав аз оғози ҷаҳонгир шудани вирус аст.
Гулрӯ Суҳробзода