FIFA рейтинги навбатии дастаҳои аъзояшро нашр кард, ки дар он дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар зинаи 122-юм аст.

Тоҷикистон аз моҳи гузашта имтиёзе ба даст наовардааст ва ҳамоно холҳояш 1148 аст. Дастаи мунтахаби Зеландияи Нав аз Тоҷикистон пеш асту Малавӣ баъд аз кишвари мо.

Дар рейтинг чун моҳи пеш дастаи мунтахаби Белжик бо 1765 имтиёз мешсаф аст. Зинаи дуюмро Фаронса (1752) ва сеюмро Бразилия (1725) аз худ кардаанд. Дастаи мунтабаи Инглис дар зинаи чорум аст. Портуғол, Испониё, Уругвай,  Оржентин, Крувосӣ ва Колумбиё зинаҳои то 10-умро байни худ тақсим караанд.

Аз дастаҳои осиёӣ Ҷопон пешсаф аст, ки бо 1503 имтиёз дар зинаи 27-ум ҷой гирифтааст. Аз дастаҳои собиқ Шӯравӣ Укроин имтиёзи бештар дорад (1539) ва  дар ҷойи 23-юм аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here