Клуби футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки дар бозии ҷавобии чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон бар дастаи футболи «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуд, ба даври нимфинал роҳ ёфт.
Ду голи дастаи «Регар-ТадАЗ»-ро ҳимоятгар Ойбек Абдуғаффоров зад. Боз се голи дигарро Абдусамад Ҳоҷибоев, Наврӯз Рустамов ва Амирҷон Сафаров ба ҳадаф расониданд. Голи ягонаи дастаи «Хатлон»-ро Муҳаммад Насков ба дарвозаи мизбонон ворид кард. Дар бозии аввал низ дастаи «Регар-ТадАЗ» дар меҳмонӣ дастаи футболи «Хатлон»-ро бо ҳисоби 3:0 шикаст дода буд.
Ҳамин тариқ, «Регар-ТадАЗ» дастаи чоруми ширкаткунандаи даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон гардид. «Истиқлол»-и Душанбе, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Душанбе-83»-и шаҳри Душанбе низ ба нимфинал баромада буданд. Дар нимфинал «Истиқлол» бо «Душанбе-83» ва «Регар-ТадАЗ» бо «Хуҷанд» рақобат мекунанд.
Вохӯриҳои якуми нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон 14-15-уми октябр ва бозиҳои ҷавобӣ 17-18-уми октябр дар назар аст.