Клуби футболи «Реал Мадрид»-и Испания ният дорад, ки ҳуҷумкунандаи дастаи ПСЖ (Фаронса) Неймари бразилиро бо маблағи 400 миллион евро харидорӣ кунад. Дар ин бора рӯзномаи Marca хабар дод.

Бино ба навиштаи ин нашрия «Реал» қасд дорад, ки тобистони соли 2019 ин нияташро амалӣ кунад. Гуфта мешавад, ки далели харидани ин бозигар барои «Реал» на танҳо ситораи футбол будани ӯст, балки мубориза бо «Барселона» аст. Неймар дар солҳои 2013-2017 дар «Барселона» бозӣ кардааст. Моҳи августи соли 2017 ПСЖ Неймарро ба маблағи 222 миллион евро харида буд. Неймар дар Фаронса 22 бозӣ гузаронида, 20 гол задааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here