Дастаҳои футбол аз Тоҷикистон – «Равшан»-и Кӯлоб ва  «Хуҷанд»-и Хуҷанд баромади худро дар Ҷоми КФО-2021 аз марҳилаи гурӯҳӣ оғоз мекунанд.

Конфедератсияи футболи Осиё таркиби сабадҳоро барои қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021, ки дуюмин мусобиқаи байни клубҳои қитъа ба ҳисоб меравад, муайян кард.

Имсол шумораи иштирокчиёни Ҷоми КФО дар Минтақаи марказӣ васеъ гардид. Ҳоло дар ин минтақа ба ҷуз намояндагони Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон, як даста аз Узбекистон ҳниз ширкат мекунад. Ба ин тартиб, ҳафт даста аз Осиёи Марказӣ аз марҳилаи гурӯҳӣ сар карда, дар Ҷоми КФО-2021 бозӣ мекунанд. Мувофиқи натиҷаҳои қуръакашӣ, ки рӯзи 27 январ баргузор мешавад, ду гурӯҳ – як гурӯҳ аз чор даста ва як гурӯҳи иборат аз  се даста ташкил карда мешаванд. Ғолибони гурӯҳҳо дар финали минтақавӣ бозӣ мекунанд.

Ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2020 дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб дар қуръакашии Ҷоми КФО-2021 дар сабади аввал ҷойгир аст ва дар марҳилаи гурӯҳӣ бо намояндаи Узбекистон бозӣ намекунад. Ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон дар мавсими гузашта “Хуҷанд” дар сабади сеюм ҳамроҳ бо “Аҳал” -и Туркманистон ҷойгир аст. Ин чунин маъно дорад, ки дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 рақибони “Хуҷанд” дастаҳои “Олтин Асир”-и туркманистон дастаи футбол аз  Узбекистон, инчунин “Дордой” ё “Олой” аз Қирғизистон хоҳанд буд.

Дар Минтақаи Марказӣ, тибқи муқаррароти Ҷоми КФО, ду намояндаи як кишвар наметавонанд дар як гурӯҳ бошанд.

Ёдрас мешавем, ки агар клуби AГMK-и Узбекистон ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 дохил шавад, барандаи медали нуқраи чемпионати Узбекистон “Насаф”-и Қаршӣ дар Ҷоми КФО-2021 баромад мекунад. Агар АГМК ба даври гурӯҳии мусобиқаи асосии бошгоҳии Осиё роҳ наёбад, он гоҳ дар Ҷоми КФО бозӣ мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here