Бозии ниҳоии Париматч — Ҷоми Тоҷикистон-2020, ки дар он ду намояндаи вилояти Хатлон — «Равшан»-и Кӯлоб ва «Хатлон»-и Бохтар вомехӯранд, рӯзи якшанбеи 18-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад. Бозии ҳалкунандаи Ҷоми миллӣ соати 14:00 оғоз ёфта, бидуни тамошобин баргузор мешавад.

Дар роҳ ба сӯи финал «Равшан» -и Кӯлоб бар «Ҳулбук» (3: 2), «Панҷшер» (3: 2), «Истиқлол» (4: 2) ва «Регар-ТадАЗ» (1: 0) ғолиб омад. “Хатлон”-и Бохтар аз “Файзканд” (2: 1), “Эсхата” (1: 0) ва “Истаравшан” (2: 0) қавитар буд.

Қаблан «Равшан» (дар соли 2003 даста «Олимп-Ансол» ном дошт) се маротиба ба финали Ҷоми кишвар баромад ва танҳо як маротиба — соли 1994 — дар финал «Шодмон» -и Ҳисорро шикаст дода (2: 1), соҳиби ҷом шуд. «Хатлон» дар таърихи худ (қаблан даста «Вахш» ном дошт) чор маротиба дар финали Ҷоми Тоҷикистон бозӣ карда, ду маротиба солҳои 1997 ва 2003 ин ҷомро ба даст овардааст.

Ҳабдаҳ сол пеш — соли 2003 — дастаҳо дар финали Ҷоми Тоҷикистон вохӯрда буданд.

Париматч — Ҷоми Тоҷикистон 2020

Бозии ниҳоӣ

18 октябр (якшанбе)

Оғоз — соати 14:00

«Равшан» (Кӯлоб) — «Хатлон» (Бохтар)

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here