Дастаи футболи «Равшан» -и Кӯлоб, ки дар бозии ниҳоии Париматч — Ҷоми Тоҷикистон-2020 “Хатлон”-и Бохтарро бо ҳисоби 1: 0 мағлуб карда, соҳиби ҷом гардид. Голи ягона ва ғалабаоварро ҳимоятгари “Равшан” Далер Шомуродов дар дақиқаи 67-уми вохӯрӣ аз пеналтӣ зад.

Фонди ҷоизаи ниҳоии Ҷоми кишвар 35 ҳазор сомониро ташкил дод. Ба ғайр аз ҷом, ғолиб 20 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ ва ба дастаи дигари иштирокчии даври ниҳоӣ медалҳои нуқра ва 15 ҳазор сомонӣ супорида шуд. Ғайр аз ин, ба бозигари беҳтарин дар финал мукофоти пулӣ ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ ҳадя гардид. Ҷоизаи бозигари беҳтаринро нимҳимоятгари «Равшан» Абдураҳмон Нозимов ба даст овард.

Ин бори аввал аст, ки дар таърихи Ҷоми Тоҷикистон ҷоизаро намояндаи лигаи якум ба даст меорад.

“Равшан” маротибаи дуюм аст, ки соҳиби ин ҷом мешавад. Пештар, даста 26 сол пеш — соли 1994 Ҷоми кишварро ба даст оварда буд. Ин даста имсол дар Лигаи якум низ ғолби омад ва дубора ба Лигаи олӣ роҳхат гирифт.

Париматч — Ҷоми Тоҷикистон 2020

Бозии ниҳоӣ

Равшан (Кӯлоб) — Хатлон (Бохтар) — 1: 0

Гол: Далер Шомуродов, 67 — аз пеналтӣ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here