Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалишаванда аз 27 то 29-уми октябри соли 2017 тренинги «Беҳтарнамоии малакаҳои равоншиносон оид ба баҳогузории равонӣ, ташхис ва офиятбахшии аз шиканҷа наҷотёфтагон ва ё аъзои оилаи онҳо»-ро баргузор менамояд. Чорабинӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи «Амал барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон» дар меҳмонхонаи «Гулистон тур” гузаронида мешавад.

Мақсади тренинг боло бурдани малакаи равоншиносон дар масъалаи офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо, инчунин, оид ба механизмҳо ва усулҳои баҳогузории равонӣ пеш ва баъд аз офиятбахшӣ гуфта мешавад.

Дар тренинг 16 равоншинос аз кафедраҳои равоншиносии макотиби олии кишвар (ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе), инчунин равоншиносони амалкунандаи созмонҳои ғайридавлатӣ ширкат мекунанд. Ба ҳайси тренер коршиноси байналмилалӣ, равоншиноси Маркази офиятбахшии қурбониёни шиканҷаи Арманистон Лилит Геворкян ва коршиноси миллӣ дар самти равоншиносии кӯдакон Гулнора Гулмирзоева баромад хоҳанд кард.

Дар иттилоияи ин тренинг гуфта мешавад, ки аз оғози соли 2017 барои гузаштани офиятбахшӣ ба 35 қурбонӣ кӯмак расонида шудааст, ки 21 нафари онҳо мардон ва 14 нафар занҳо будаанд. Аз шумораи умумии қурбониён 21 нафар онҳое ҳастанд, ки бевосита аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дидаанд. 14 нафари боқимонда хешовандони қурбониёни шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона мебошанд. Шаш нафар қурбонӣ кӯдакони ноболиғ маҳсуб мешаванд.  

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here