Тасдиқи    мавҷудияти коронавирус аз ҷониби ҳукумати кишвар боиси ваҳму воҳима дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид.

Марям Давлатова, равоншиноси номӣ дар саҳифаи расмии фейсбукиаш оид ба ин паёми ситоди ҷумҳуриявӣ чунин ибрози назар кард: «Хӯш, ниҳоят баҳси ҳасту нести вирус ба фоидаи журналистону анҷом ёфт. Чанд рӯз валвалаи тантанаву воҳима идома мекунад. Чанд савол ҳоло мағзи моро пур мекунад. Кӣ гунаҳкор? Чӣ хел ҷазо муносиб аст? Чаро? Айни замон ин саволҳо амалан бефоида ва риторикиянд. Саволи аз ҳама муҳим чӣ бояд кард аст. Он ҳам то андозае риторикист, зеро қариб ҳама усулҳои пешгирӣ ва ҳатто  муолиҷаро  то андозае медонанд. Фақат шабакаҳои иҷтимоӣ минтақаи қайи равонии мо набояд шавад, зеро қайи равонии шумо (эмотсионалная рвота) ба деги зеҳни дигарон мерезад. Худро ва дигаронро аз инфодемия ҳифз намоед».

Ба қавли ӯ, ба ҳар маълумоти нодурусте, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, набояд дода шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here