Клуби футболи «Уфа» (Бошқирдистон, Русия) дар вебгоҳи расмии худ дар бораи таъйини Рашид Раҳимов ба вазифаи сармураббии даста хабар дод.

Пештар маълум шуд, ки роҳбарияти клуб аз хидмати Олег Кононов ва Сергей Юран даст кашида, номзадии Раҳимовро дастгирӣ кардаанд.

Ҷойи кори охирини Раҳимов клуби футболи «Ахмат» (Чеченистон, Русия) буд, ки ӯ аз соли 2018 то 2019 роҳбарӣ мекард. Ин мутахассиси тоҷикистонӣ дар тӯли фаъолияти худ мураббии дастаҳои «Амкар» (Перм, Руися), «Локомотив» (Маскав, Русия) ва дастаи «Адмира Ваккер» (Утриш) буд.

7-уми октябр «Уфа» эълом дошт, ки сармураббӣ Вадим Евсеев бо мувофиқаи тарафайн расман аз вазифа сабукдӯш карда шуд. Даста, ки дар 10 давр ҳамагӣ 6 хол ба даст овардааст, дар ҷадвали Премер-Лигаи Русия мақоми пеш аз охирин — 15-умро ишғол мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here