Мутахассиси маъруфи футбол Рашид Раҳимов, ки зодаи Тоҷикистон аст, сармураббии клуби футболи “Ахмат”-и шаҳри Грозний аз Ҷумҳурии Чеченистони Федератсияи Русия таъйин шудааст.

Роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров дар саҳифаи твиттери худ навишт: “Дӯстони гиромӣ! Мехоҳам ба шумо ва мухлисони клуби азизамон “Ахмат” хушхабар расонам: сармураббии клуб Рашид Раҳимов таъйин шуд”.

Раҳимов дар ин вазифа Игор Ледяховро, ки якшанбеи гузашта аз даста рафт, иваз кард. Баъди даври 6-ум “Ахмат” дар ҷадвали Премйер лига дар зинаи 9-ум қарор дорад.

Рашид Раҳимови 53-сола аз ин пеш ҳам таҷрибаи кор дар ин клубро дошта буд. Собиқ бозигари клуби футболи “Помир”-и Душанбе аз соли 2013 то 2017 дар клуби “Ахмат”, ки он вақт “Терек” ном дошт, ба ҳайси сармураббӣ кор карда буд. Дар мавсими 2016/17 даста бо Раҳимов дар ҷадвал ҷойи панҷумро гирифт, ки ин нишондоди беҳтарини клуби Чеченистон аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here