Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ андешаҳои худро аз сулҳу субот, осоиштагиву ваҳдат, тинҷиву осудагӣ ва ҳамдиливу ҳаммаромӣ, ки беҳтарин арзишҳо дар ҷомеаи башарӣ эътироф гардидаву месазад, ки ҳамеша аз ин арзишҳо ба таври ҳамешагӣ дифоъ ва ҳифз намуд, баён кард:

Шоистаи таъкид ва мояи ифтихор аст, ки дар Тоҷикистони маҳбуби мо бо роҳи мусолиҳатомез ва сиёсати дурнигаронаву инсондӯстона ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди беназири мардуми шарафманди тоҷик бо талошу кӯшишҳои пайгирона, роҳнамоиву ҳидоятҳои фарзанди фарзонаи кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба даст омад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ иддае аз нотавонбинон ва душманони миллати тоҷик нақшаи аз байн бурдани кишвари моро дар ҳамкорӣ ва машваратҳои хоҷагони хориҷиашон тарҳрезӣ намуда, баҳри амалӣ намудани он роҳҳои гуногунро пеш гирифтанд. Албатта мардуми шарифи Тоҷикистон аз хисороти маънавию молиявӣ ва ҷонии ин ҷанги хонумонсӯз огоҳ буда, оқибатҳои фоҷиабори он ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш нахоҳад шуд.

Хушбахтона ба бахти миллати тоҷик ҳамчун ҳадяи яздонӣ зимни баргузории иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон марди наҷибу дурандеш, фарзанди фарзона ва сарсупурдаи миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродати матини ватандориву меҳанпарастӣ дар марҳилаи басо ҳассос ва норавшан зимоми давлатдории навини миллиро ба даст гирифта, давлатро аз нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшиданд.

Расо 23 сол муқаддам 27 июни соли 1997 дар рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамватанон чунин муроҷиат намуданд: «Бо дарназардошти ин руҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рӯзи 27-уми июнро дар кишварамон Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем».

Агар дар маҷӯъ назар афканем, истиқлолият, ваҳдат, осудагиву амният ва тинҷиву осоиштагӣ арзишҳои ниҳоят муҳим ва муқаддас буда, баҳри таҳким, густариш ва ҳифзи ин арзишҳо бояд ҳар як фарди ҷомеа бо эҳсоси масъулияти том ҷаҳду талош намояд.

Воқеан, ваҳдати миллӣ барои мо халқи тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Агар пас аз пошхӯрии кишвари пуриқтидори Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидан барои бархе аз кишварҳои узви Иттиҳод заминаи мусоид боқӣ монда бошад ва соҳибистиқлолӣ барои сохтмони давлати муосири онҳо мусоидат намуда бошад, аммо кишвари мо бо дасти бархе аз хоинону зархаридони миллат ба коми ҷанги бародаркӯш кашида шуда, низоми давлатдории навини миллӣ ва рукнҳои он фалаҷ гардиданд.

Маҳз бо талош ва кӯшишҳои наҷиби Пешвои маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат  дар кишвари азизамон танинандоз гардида, роҳи рушди ҷомеаи муосири мо равшану мушаххас гардид. Баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми сарзамини аҷдодӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шуд. Ташаббус ва ибтикороти наҷиби Пешвои маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ пайдо намуда, аз минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои баланд бо забони ноби тоҷикӣ ибрози назар намудани Роҳбари давлат бори дигар аз ташаббусҳои наҷиби кишвари мо дар раванди мусоидат ба ҳалли масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.

Шоистаи зикр аст, ки ташаббусҳои бузурги Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои ҷаҳонии об аз ҷумла эълони соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ гардиданд ва ташаббуси навбатӣ қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028” идомаи ин ташаббусҳои наҷиб дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.

Бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди муҳтарам Ҷаноби Олӣ ва ҳамовозии кишварҳои олам шукуҳи ҷаҳониро касб намудани ҷашни аҷдодии мо тоҷикон-Наврӯз, баргузории конфронси илмии байналмилалӣ бахшида ба 800 — солагии Ҷалолиддини Румӣ 6-8 сентябри соли 2007, симпозиуми байналмилалии «Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо» 5 октябри соли 2009 бо иштироки зиёда аз 500 нафар олимону мутафаккирон ва шахсиятҳои барҷастаи олами сиёсат ва илму маърифат аз 50 кишвари ҷаҳон, баргузории конфронсҳои сатҳи баланд оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм, 4 майи соли 2018 ва амсоли инҳо намунаи равшани ташаббусҳои кишвари мо зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон соли 2013 ҷашнҳои 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ба феҳристи ҷашнҳое, ки бо иштироки ЮНЕСКО дар солҳои 2014-2015 таҷлил гардиданд, ворид шуданд, ки боиси зикри шоистагист. Дар ин замина бо кӯшиш ва талошҳои Роҳбари давлат соли 2003 “Шашмақом” ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси шоҳкориҳои шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ва соли 2010 шаҳраки қадимаи «Саразм» ба феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Инчунин соли 2013 “Боғи миллии Тоҷикистон – Кӯҳҳои Помир” ба феҳристи Мероси табии Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид.

Соли равон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Конфронси генералии ЮНЕСКО таҷлил гардидани ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 — солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ низ аз намунаи иқдомоти шоистаи муҳтарам Ҷаноби Олӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.

Ташаббус ва кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри барқарори сулҳу субот дар Тоҷикистон буд, ки соли 2002 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид. соли 2013 дар шаҳри Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шуда буд, баргузор гашт.

Дар саросари кишвари маҳбубамон бо ибтикор ва кӯшишу талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ бомаром ҷараён дошта, дар шаҳри Бӯстон низ ин тадбирҳои муҳимро сокинону шахсони саховатпеша ва соҳибкорону тоҷирон ҳамаҷониба ҷонибдорӣ намуда истодаанд.

Тамоми мардуми сайёра ва кулли сокинони кишвар огоҳ аз он ҳастем, ки имрӯзҳо саросари оламро вабои аср, бемории сироятии коронавирус иҳота намуда, ба иқтисодиёти кишварҳо таъсири манфии худро гузошта истодааст. Ҳамагон шоҳиди равшан ҳастем, ки кишвари азизи мо бо ҳидоят ва роҳнамоиҳои муҳтарам Ҷаноби Олӣ тавонистем дар кутоҳтарин фурсат сатҳи фарогирии ин бемориро коҳиш бахшем. Албатта муттаҳидиву ҳамдилӣ ва ваҳдатмеҳварии ҳаёти мардуми шарифи тоҷик бо роҳбарии Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин лаҳзаҳои басо ҳассос бори дигар собит гардид.

Маҳз ҷаҳду талошҳои судманду боровари Пешвои маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки муҳтарам Ҷаноби Олӣ танҳо дар самти бо роҳи мусолиҳатомез расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон бо медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо», унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – “Пешвои асри 21” ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи «Сарпарастони аср»-Ордени нахустини алмосдори  «Ситораи сарпараст», ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон — Аҳмадшоҳи Масъуд», ситораи ёқути сурх «Миротворец» (Сулҳовар), ва дигар мукофоту ҷоизаҳо шарафёб гардиданд.

Ба таъбири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тамоми шаҳрвандони огоҳу солимфикри мамлакат вазифадоранд, ки шукронаи соҳибдавлативу соҳибватаниро ба ҷо оварда, ҳар як иқдоми ободгаронаву созандаи худро ба номи Ватан ва миллат, ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории навинамон ва таҳкими нуфузу обрӯи Ватани маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ анҷом диҳанд.

Бо илҳом аз танинандозии сулҳу ваҳдати миллӣ бояд насли имрӯзи кишвар ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон рисолати шаҳрвандии хешро бо масъулияти баланд эҳсос намуда, беш аз пеш барои ҳифз ва таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳиссаи босазо гузорем. Ба ҳар гуна андешаву омоли ғаразноку нопоки гумроҳон дода нашуда, дар атрофи Пешвои маҳбубу муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, ваҳдату осоиштагии Тоҷикистони азизу муқаддасро ҳифз ва гиромӣ дорем.

Чун мо мардуми Тоҷикистони офтобрӯя дар остонаи фарорасии 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем, таманнои онро дорем, ки ҳамеша дар фазои Тоҷикистони азиз сулҳу оромӣ, осудагиву амният, тинҷиву амонӣ ҳукмфармо бошад ва бигзор офтоби Ваҳдати мо то абад поянда бод!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here