Ҳамасола дар ин шабу рӯз мардум табли шодӣ мезаданду Рамазонро бо шодиву сурур пешвоз мегирифтанд, аммо имсол халқи ҷаҳонро хавфи нобудшавӣ таҳдид мекунад. Дар баробари ин, нархҳо то андозае боло рафтаанд, дари масоҷиди олам, аз Маккаи Мукаррама сар карда, то хурдтарин намозгоҳҳои панҷвақта баста шудаанду таърихи башарият ҳоли имрӯзаро дар ёд надорад.

Имсол моҳи Рамазон бо нархҳои ғайримуқаррарӣ оғоз шуд. Гарчанде ҳамасола тоҷирону савдогарон дар оғози ин моҳи муборак нархи наворо аз пештара фарқ мекунониданд, вале имсол то як дараҷаи ҳангуфт боло рафт.

Дирӯз дар бозорҳои пойтахт 1 кг картошкаи нав 10 сомонӣ ва картошкаи соли гузашта 8 сомонӣ, пиёзи нав 4 сомонӣ ва ҳосили соли қаблӣ 3 то 3,5 сомонӣ, сабзӣ 2 сомонӣ нарх дошт. Аммо лимӯ, ки табибон барои пешгирӣ аз коронавирус тавсия дода буданд, 1 донааш 5 сомонӣ, ки қаблан 1 кг ин нархро дошт ва дар кило ба 30 сомонӣ баробар буд. Хурмо бошад то 40 сомонӣ нарх дошт.

Бо вуҷуди он, ки дар чанд ҷои пойтахт, аз ҷумла, дар бозори «Меҳргон» ярмаркаи рамазонӣ аз ҷониби «Тоҷикматлубот» ташкил карда шудаанд, вале тиҷорати ҳаннотон низ дар ҷӯш буд, ки масали «буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами гӯшт»-ро мемонд. Бо вуҷуди набудани вируси корона оммаи халқ таҳлукае доштанд, ки гӯё имрӯз ё фардо қаҳтӣ меомада бошад ва ҳаннотон аз ин истифода бурда, ҷайбҳои худро пур мекарданд.

Масъулини Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бошанд, ин ҷаҳиши нархи наворо мавсимӣ медонанд, аммо мавсими он то кай бошад? То пурра холӣ шудани ҷайби мардум? Аҷаб мавсиме, ки муҳоҷирони тоҷик дар чор гӯшаи ҷаҳон бекоранд ва оилаи онҳо дар ин ҷо «хариди мавсимӣ» мекунанд…

Меҳрофарин Наҷевуллоев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here