Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон аз андоз 19 миллиону 365 ҳазор сомонӣ ва аз барқ 59 миллиону 849 ҳазор сомонӣ  қарздор мебошад. Дар ин бора сардори Раёсати мазкур Собирозода Мирзоалӣ имрӯз дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ҳамчунин, ӯ афзуд, ки Идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо, ассотсиатсияҳо дар назди ин Раёсат 79 миллиону 868 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд.

— Агар ин қарзҳо саривақт пардохт шаванд мо низ имкон супоридани маблағи андозу барқро пайдо хоҳем кард, — илова кард ӯ. — Дар ин росто бақияи қарзи музди меҳнат дар идораҳои зертоби мо дар соли 2020-ум 672 ҳазоро ташкил медод.

Иттилоъ дода шуд, ки барои маҷбуран баргардонидани қарзҳои об 39 адад ҳалномаи судӣ ба маблағи 4 миллиону 720 ҳазор сомонӣ пешниҳод карда шудаанд, ки аз он 1 миллиону 865 ҳазораш пардохт карда шуда, боқимонда дар истеҳсолоти иҷро қарор доранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here