Дирӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзо кардани фармонҳо раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро аз вазифа барканор кард ва ба ҷойи ӯ нафари дигарро таъйин намуд.
Дар фармони рӯзи 1-уми октябр омадааст, ки мутобиқи моддаи 69-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад. Дар фармони дигар омадааст, ки Файзов Ёдгор Доёрович иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин карда шавад.
Чанде пеш муовинони раиси ВМКБ, раисони чанд шаҳру ноҳияи ин вилоят низ аз вазифа барканор ва ба ҷойи онҳо кадрҳои дигар таъйин шуда буданд. Ин барканориҳо баъди сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба ин вилоят сурат мегиранд, ки дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон аз кору фаъолияти роҳбарон дар ВМКБ танқид карда буд.