Агентии иттилоотии “АП” аз гузориши шабакаи телевизиони давлатии иттилоотии “Ҷаҳоннамо” дар бораи ҷаласаи ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон оид ба таъмини волияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави ВМКБ пораҳо аз суханронии раиси КДАМ, прокурори генералӣ ва раиси ВМКБ-ро доир ба вазъи кунунии ин минтақаи Тоҷикистон нашр кард.

Дар ин хабар гуфта мешавад, ки раиси КДАМ Тоҷикистон генерал-полковник Самумин Ятимов дар ҷаласа изҳор намуд, ки дар Хоруғ 6 гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша “ҳукмронӣ” мекунанд. Дар ҳамин ҳол, ӯ аз роҳбарони онҳо ном набурдааст. Бино ба гуфтаи ӯ, муддати як моҳ дар шаҳри Хоруғ 183 адад силоҳи оташфишон мусодира шудааст.

Раиси КДАМ таъкид доштааст, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаи Хоруғ ҳамагӣ 10-15% силоҳу муҳимоти дар даст доштаашонро супурданд.

“Кӣ дар куҷову чӣ гуна силоҳро нигаҳдорӣ мекунад, мо медонем, мо ҳатто дақиқ медонем, ки дар дасти ҷинояткорон чӣ миқдор аслиҳа ҳаст”, — қайд кардааст Ятимов.

Ӯ таъкид доштааст, ки амалиёти мусодираи силоҳ дар қаламрави Хоруғро КДАМ раҳбарӣ карда, ин амалиёт ба аҳолии осоишта нигаронида нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, ӯ бори дигар аз ҳамаи аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша даъват кардааст, ки силоҳ ва муҳимоти ҷангиашонро ихтиёрӣ супоранд.

“Агар аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ ихтиёрӣ супурда шаванд, амалиёт газаронида намешавад”, — афзудааст роҳбари КДАМ.

Прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон дар суханрониаш қайд кардааст, ки як қисмати муайяни аҳолии ВМКБ ба маблағи умумии 71 млн. сомонӣ қарзҳои бонкии батаъхирафтода ва пардохтнашуда доранд. Масалан, изҳор доштааст ӯ, наздикони хешовандони Толиб Айёмбеков назди бонкҳо ба маблағи умумии 500 ҳазор сомонӣ қарз доранд. Прокурори генералӣ зикр кардааст, ки агар ояндаи наздик қарзҳо ба бонкҳо баргардонида нашаванд, нисбати қарзгирифтагон парвандаҳои ҷиноӣ боз мешаванд.

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов номи саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии Хоруғ – Мунаввар, Толиб, Боқир, Хурсанд, Зоҳир ва Ёдгорро номбар намуда, изҳори умедворӣ кардааст, ки нерӯҳои солими вилоят атрофи ӯ муттаҳид мешаванд.

“Наздикону оилаи ман аз таъин шуданам ба мансаби раиси ВМКБ хурсандӣ накардаанд. Дӯстону ҳамкоронам бо ин таъинот табрик накарда, танҳо барори кор хостанд. Агар ман, каси дигар ё шахси сеюм барои ҷорӣ кардани тартибот дар вилоят талош наварзем, инро каси дигаре ба уҳда намегирад”, — изҳор доштааст Ёдгор Файзов.

Ӯ аз пешвоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша даъват кардааст, ки силоҳро ихтиёрӣ супоранд, вагарна мухолифат бо ҳукумат ба фоидаи онҳо анҷом намеёбад.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз расонаҳо хабар доданд, ки Толиб Айёмбеков ва ҳамроҳонаш ба ҳузури прокурори вилоят омадаанд ва хоҳони ҳамкорӣ бо мақомот будаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here