Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо нашри як паём кулли мардуми ин вилоятро бо дастоварди беҳамтои зодаи Бадахшон Сомон Маҳмадбеков, ки дирӯз дар риштаи ҷудо унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст овард, табрик гуфт.

Дар матни номаи шодбоши раиси вилоят омада: «Пирӯзии ҷавонпаҳлавони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон барои кулли мардуми вилоят муборак бошад. Варзишгари машҳури тоҷик Сомон Маҳмадбеков қаҳрамони ҷудои ҷаҳон байни ҷавонон шуд, ки боиси ифтихору сарфарозии мо мебошад.

Сомон Маҳмадбеков дар Марокаш дар Чемпионати ҷаҳонии  ҷудо миёни ҷавонон сазовори медали тилло гардид. Ба хотири ин ҷаҳонпаҳлавон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод, ки барои ҳар як нафар лаҳзаи хеле муҳим ва хотирмон мебошад.

Ман бо камоли эҳтирому самимияти беандоза ин фарзанди баномуси миллатро барои пирузияш дар мусобиқаи байналмилалӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шахсан аз номи худам табрику шодбош мегӯям. Амали ҷавонмардонаи Шумо барои тамоми ҷавонони Тоҷикистон намунаи ибрат хоҳад буд. Мо бо Шумо ифтихор дорем. Пирузӣ муборак!».

1 бинависед

  1. Ч,авоноро бо кор ва зиндагии бошарофат таьмин кардан нашуд, ягона рохи
    дилбардори хушомад задан ба муваффакиятхое ки як зарра х,ам ба он муносибат надоред, мух,тарам раис.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here